25 марти 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо донишҷӯён ва дигар ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ баргузор кард.
Мулоқоти мазкур ба мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифти ҳуқуқӣ ва худшиносии миллии ҷавонону шаҳрвандони муқими кишвари иқомат танзим карда шуд.
Сафир С. Киром зимни суҳбат бо шаҳрвандон муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар назди масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ( 9 марти 2024), шарҳу тавзеҳ дода, нуктаҳои асосии онро бори дигар таъкид намуд.