Ҷашни солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

29.06.2023 18:44

27 июни соли соли 2023 бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишвари иқомат муваққатан будубош мекунанд чорабинии идона баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ҷамъомадагонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, аз заҳмату талошҳои Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба ин дастоварди бузургу таърихӣ ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик ёдрас шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои ширкаткунандагон дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg