Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея

08.01.2021 17:30

Маълумотнома

дар бораи муносибатҳои дуҷониба миёни

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

 

• ҳамкориҳои сиёсӣ

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея расман 27 апрели соли 1992 барқарор гашта, ташаккул ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо ин кишвар яке аз самтҳои авалавиятноки сиёсати хориҷии давлати мо ба ҳисоб меравад.  

 Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе 20 июни соли 2008 ифтитоҳ шуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Сонг Шик мебошад. 13 апрели соли 2015 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Киром Салоҳиддин Амриддинзода (аз 31 майи соли 2023) 17 октябри соли 2023 ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл эътимоднома супорид.

Миёни ду кишвар моҳи апрели соли 2015 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея” ба имзо расонида шудааст, ки дар асоси он соли 2016 аввалин Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гашт.

Сафарҳои расмии дуҷониба:

- сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи майи соли 2005 ҷиҳати ширкат дар “Форуми 6-уми умумиҷаҳонии ислоҳоти ҳукумат” ва моҳи апрели соли 2015 барои иштирок дар “Форуми 7-уми ҷаҳонии об”;

- 15-17 июли 2019 сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 24-27 ноябри 2020 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ;

- 29-30 сентябри 2023 иштироки Вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея Дукген Ан дар Форуми байналмилалии Душанбе;

- 6 сентябри 2024 сафари Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҷанг Вон Сам ба Душанбе.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишвар: 18 созишномаву ёддошти тафоҳум.

• ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Миёни ду кишвар гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ амал мекунанд. 

- 31 март – 1апрели 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Корея, Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;.

- 19 сентябри 2023 иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Нишасти раисони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар Сеул.

• ҳамкориҳои иқтисодӣ

Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Корея то соли 2024 5 ҷаласа доир намудааст: апрели соли 2017 дар Сеул, 5 октябри 2018 дар Душанбе, 24-26 июни 2019 дар Сеул, 18 октябри 2021 дар Душанбе ва 21 октябри 2022 дар Сеул.

Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 25 корхонаи кореягӣ фаъолият доранд. Дар чор соли охир се анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Корея доир гардид.   Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея дар соли 2024 беш аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

23 ноябри 2023 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ (EDCF) ба имзо расид.

Ифтитоҳи корхонаи нави муштараки «Unicorn», иштироки Роҳи оҳани миллии Корея дар асосноккунии техникии лоиҳаи сохтмони метро дар Душанбе, ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни ТАЛКО ва ширкати кореягии GBI оид ба сармоягузорӣ ва рушд кони волфрам дар Майхура, идомаи татбиқи «Лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон» байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва KOICA, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт  байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея, мувофиқа дар таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён», ки роҳи оҳани Тоҷикистонро бо     Афғонистон пайванд менамояд, таҳияи пеш аз асосноккунии техникиву иқтисодии қитъаи роҳи оҳан аз деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ то МОИ Кӯлоб; таҳияи пеш аз асосноккунии техникиву иқтисодии электрикунонӣ ва модернизатсияи системаи сигнали қитъаи роҳи оҳани «Пахтаобод – Душанбе – Ваҳдат»;  - асоснокккунии техникиву иқтисодии сохтмони маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб, таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии кластери нассоҷӣ дар чаҳорчуби Барномаи ҳамкориҳои инноватсионии иқтисодӣ (EIPP) миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати кореягии PwC ва Exim Bank-и Кореяи Ҷанубӣ, иштироки ширкати кореягии Rexgen дар лоиҳаи шаҳри интеллектуалӣ дар Душанбе, ки соли 2024 сурат гирифтанд, мисоли равшани рушди хамкории судманди миёни ду кишвар ба ҳисоб мераванд.

Ширкати муштараки нассоҷии Кота Глобал аз соли 2020 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намуда, тақрибан 400 нафарро бо ҷои кор таъмин менамояд.

• ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ

31 октябри  2024 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор ба имзо расид.

• бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ

Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Ҳамкории Осиё оид ба хоҷагии ҷангал (AFoCO) ва Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) бо қароргоҳҳо дар Корея, пазируфта шуд.

Ҳамкорӣ бо бунёди Семаул Ундонги Кореяро роҳандозӣ гардида, лоиҳаи кулли ҳамкорӣ бо чор деҳоти Тоҷикистон дар солҳои 2024-2028 ба маблағи умумии 440 000 доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Корея тасдиқ гардидааст.

Соли 2024 бо ибтикори Сафорат китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони кореягӣ ва китоби “Олами гулдӯзии тоҷикон”, ки ба санъати чакандӯзӣ бахшида шудааст, таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (ICHCAP) чоп шуданд.

Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея

Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд. 

Аз соли таъсиси форум то соли 2024 17 нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд, ки дар 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ иштирок намуд. 

•ҳамкориҳо тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA)

Дафтари KOICA аз 21 феврали 2022 дар ш.Душанбе расман фаъолияти хешро оғоз намуд.

Сармоягузории мустақими Корея то соли 2024 беш аз 100 млн доллари ИМА ва кӯмакҳои грантии KOICA ба Тоҷикистон дар давоми солҳои 1993-2020 ба 11,1 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg