Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

23.10.2023 10:46

 ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Дар байни ду кишвар гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ амал мекунанд. 

Дар таърихи 12-14 майи соли 2013 ҳафт нафар аъзоёни Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии ҷаноби Ким Тен Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Инчунин аз 23 то 25 сентябри соли 2018 сафари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кореягӣ сурат гирифт. Зимни ин сафар мулоқоти ҳайати кореягӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагон ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Аз 31 март то 1 апрели соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Корея, Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

1 апрели соли 2021 мулоқоти Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Корея, Пак Бён Сок баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, инчунин сатҳи нави робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон 1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея, Пак Бён Сокро ба ҳузур пазируфтанд.

19 сентябри соли 2023 Нишасти раисони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар шаҳри Сеул баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода  иштирок намуданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Парлумони Корея Ким Ҷин-Пхё доир гардид. Зимни мулоқот атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва бисёрҷониба бо Корея табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg