Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку

07.09.2026 15:30

 

4 сентябри соли 2026 дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангии Озарбойҷон, вакилони Парлумон, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Озарбойҷон баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, аз муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ёдовар шуд. Инчунин, зимни суханронӣ саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории муосири тоҷик, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди мунтазами кишвар, махсус таъкид гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ ба меҳмонон барномаи бошукуҳи  консертӣ бо иштироки сарояндагони боистеъдод, суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ пешкаш гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg