ЭЪЛОН!

26.03.2020 17:32

Ҳамватанони гиромӣ,

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки тибқи қарори Вазорати тандурустӣ ва корҳои дохилии АМА ҷиҳати пешгирии зуҳури коронавирус аз рӯзи панҷшанбе 26.03.2020 соати 20:00 то рӯзи якшанбе 05.04.2020 соати 06:00 дар қаламрави АМА баргузории маъракаи безараргардонии (дезинфекция) мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти нақлиётиву коммуналӣ эълон гардидааст.

Дар давраи безараргардонӣ истифодаи воситаи нақлиёт ва гаштугузори шаҳрвандон муваққатан маҳдуд гардида, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва метро қатъ карда мешавад.

Бинобар ин, аз ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки дар давраи маъракаи безараргардонӣ дар хонаҳои худ бимонед ва кушиш намоед, ки беҳуда ба берун набароед.

Бо эҳтиром,

Консулгарии генералии

Тоҷикистон дар Дубай.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg