Санаи 6-уми майи соли 2019 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва аморатҳои шимолӣ – Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Дафтари Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай – Абдулраҳмон Ғоним Алмутайвӣ вохурӣ анҷом дода, нусхаи аслии патенти консулиро оид ба оғози фаъолият тақдим намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сайёҳиву сармоягузорӣ ва илму фарҳанг миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дубай табодули назар намуданд. Ҷаноби Абдулраҳмон Алмутайвӣ Консули генералиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик намуда, дар фаъолияти кориашон бурдбориву комёбиҳо таманно намуданд.

