Мулоқот бо Котиби генералии МҲТБО

05.12.2025 16:02

4 декабри соли 2025 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо котиби генералии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҷаноби Кайрат Сарибай баргузор гардид.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки МҲТБО тӯли давраи фаъолияташ ҳамчун механизми муассири ҳамкориҳои гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат мекунад, шинохта шудааст.

Дар рафти вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши муносибатҳо дар доираи Созмони мазкур дар соҳаҳои гуногун, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg