Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия

05.12.2025 07:33

05.12.2025.08.33.jpg

4 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Элина Валтонен мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот вазирон дар баробари баррасии масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндия, инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таъмини амният дар ҳавзаи САҲА табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg