4 декабри 2025 дар шаҳри Вена, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии хеш вазири корҳои хориҷӣ авлавиятҳои Тоҷикистонро дар се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ муаррифӣ намуд.
Роҳбари мақоми сиёсати хориҷӣ бо ишора ба воқеаҳои нохуше, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҳафтаи гузашта рух дода буданд, ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои иштирокдори Созмон баҳри вокуниш ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кард.
Дар фарҷоми суханронӣ С. Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он ба мақсади пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таъмини роҳандозии ҳадафҳои Созмон дар кулли минтақаи он иброз дошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan