Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти “С5+5”

05.12.2025 07:16

4 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи иҷлоси 32-юми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нахустин мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ (Исландия, Дания, Норвегия, Шветсия ва Финляндия) дар қолаби “С5+5” иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg