Ифтитоҳи Маркази дипломатияи об

12.11.2025 17:11

12 ноябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими ифтитоҳи “Маркази дипломатияи об” дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Кушодашавии Маркази мазкур ба 25-ум солгарди дастгирӣ ёфтани нахустин ташаббуси Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, ба вежа эълон гардидани “2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза”, ки соли 2000 зимни Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи оро қабул гарида буд, бахшида шудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти ташаббусҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва рушди дипломатияи об таъкид намуда, таъсиси чунин Марказро,  бо тамаркуз ба масъалаҳои илмӣ- омӯзишӣ муҳим ва саривақтӣ шуморид.

Илова бар ин, қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои об азм дорад, то дар ояндаи наздик бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ “Маркази байналмилалии об”-ро дар Тоҷикистон таъсис диҳад. Аз ин рӯ, ифтитоҳи ниҳоди имрӯза, ҳамчун таҳкурсӣ барои татбиқи иқдоми болозикр хизмат хоҳад кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg