Иштирок дар Рӯзҳои фарҳангӣ дар Донишгоҳи “ал-Қосимия”-и Аморати Шориқа
Рӯзи 29 феврали соли ҷорӣ бо ташаббус ва дастгирии Консулгарии генералӣ дар чорабинии бахшида ба Рӯзҳои фарҳангӣ дар Донишгоҳи “ал-Қосимия”-и Аморати Шориқа гӯшаи Тоҷикистон танзим гардид.
Ба мақсади муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ донишҷӯёни мо бо сару либоси суннатӣ ба меҳмонон дар бораи ҷашну маросимҳои расмӣ ва ҳунарҳои миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.


