Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “GULFOOD-2024”
19-23 феврали соли 2024 дар бинои Маҷмааи ҷаҳонии савдои шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб (DWTC) 29-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ дар бахши озуқаворӣ ва нӯшокӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ беш аз 5500 ширкати истеҳсолӣ аз 190 кишвари дунё маҳсулоти хӯрокворӣ ва нушокии хешро ба маърази меҳмонон гузоштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар “Gulfood-2024” як зумра ширкатҳои истеҳсолии маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла “Barakat”, “Nasim”, “Oro Isfara” “Pamir Gold”, “Shirin Premium”, “Subhi Vatan” ва “Visol” муаррифӣ намуда, маҳсулоти хешро дар шакли меваҳои хушк ва тару тоза, нӯшокиҳои табиӣ, донагӣ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда дар гӯшаи миллӣ намоиш доданд.


