Аз 25 то 27 июн дар Брюссел ҷаласаҳои 147/148-уми Шӯрои Созмони ҷаҳонии гумрук баргузор гардид.
Дар кори нишаст роҳбарони мақомоти гумрук аз 187 кишвари узв ширкат варзиданд. Муҳокимаҳо ба муосирсозии тиҷорати ҷаҳонӣ, таъмини занҷираҳои байналмилалии интиқол, суръат бахшидан ба гузариши рақамӣ тавассути зеҳни сунъӣ ва пешбурди ташаббусҳои устувории экологӣ (“Гумруки сабз”) нигаронида шуда буд.

