Иштирок дар 13-умин Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии ИА ва Осиёи Марказӣ

16.07.2026 20:50

16 июли соли 2026 дар шаҳри Брюссел муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар 13-умин Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Аснои нишаст ҷараёни рушди мушорикат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ ва устуворӣ, инчунин раванди иҷрои тавофуқоти нахустин Саммити ИА ва Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳи муштараки ИА ва Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти Муколама иштирокчиён бобати тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мубориза бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм, мудирияти сарҳадҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамёрии минтақавӣ дар соҳаи об ва иттисол, инчунин мавзӯъҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg