Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо

16.07.2026 20:47

15 июли соли 2026 дар шаҳри Брюссел, дар ҳошияи 13-умин Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо Олоф Скуг баргузор гардид.

Ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои созандаи сиёсию амниятӣ, аз ҷумла раванди иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда аснои нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg