18 июн дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Сафорати Тоҷикистон дар муколамаи байнифарҳангии Алянси ҳунарии Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ки онро маркази эҷодӣ ва фарҳангии «Хонаи Ҳолланд» мизбонӣ кард, иштирок намуд.
Зимни ин ҳамоиш мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон ва дипломатияи фарҳангии кишварамон бо таваҷҷуҳ ба шукуҳу рангорангии чакан, сӯзанӣ, адрасу атлас (икат), инчунин осори гаронбаҳои фарҳанги ниёгон ва арзишҳои моддию маънавии миллати тоҷик муаррифӣ гардид.
Дар бахши ҳунарии чорабинӣ мусиқии классикии тоҷикӣ дар иҷрои пианинонавози тоҷик, магистранти Консерваторияи Подшоҳии Брюссел, садо дод.


