3 июни соли 2026 Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел дар вохӯрии муштараки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бо муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Подшоҳии Белгия Максим Прево иштирок намуд.
Ҷонибҳо рӯзномаи ҳамкорӣ бо Белгияро дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ, энергетика ва гузариши сабз, саноати кӯҳӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба раванди робитаҳои байниминтақавӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» муаррифӣ гардид.


