21 майи соли 2026 дар шаҳри Ҳааг Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Музаффар Ҳусейнзода бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини директори иҷроияи Европол оид ба масъалаҳои мудирият Алфредо Нунзи мулоқот анҷом дод.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Европол дар бахшҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, киберҷиноятҳо, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои муосири амниятӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

