21 майи соли 2026 дар шаҳри Ҳааг мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Музаффар Ҳусейнзода бо раиси шаҳри Ҳааг Ян ван Занен баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои бароҳмонӣ ва рушди ҳамкориҳоро байни Душанбе ва Ҳааг дар соҳаҳои банақшагирӣ, мудирияти шаҳрӣ, сабзкорӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ карданд.



