13 майи соли 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Музаффар Ҳусейнзода бо ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Марек Мора баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои обу энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, иттисолу рақамикунонӣ ва дигар самтҳои ояндадор баррасӣ намуданд.
