8 майи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Музаффар Ҳусейнзода бо Арно Тизен, Директори генералии Ҳамоишҳои тиҷоратии Аврупо (EBS) мулоқот намуд. Аснои вохӯрӣ перомуни дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои ашёи хоми стратегӣ, энергияи таҷдидшаванда, иттисол, рақамикунонӣ ва ҷалби доираҳои соҳибкорӣ табодули афкор сурат гирифт.
