Вохӯрӣ дар Сенати Подшоҳии Нидерланд

29.10.2025 21:29

28 октябр дар шаҳри Ҳааг вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд (бо иқомат дар Брюссел) Музаффар Ҳусейнзода бо раиси Кумитаи корҳои хориҷӣ, мудофиа ва ҳамкориҳо баҳри рушд Коэн Петерсен, раиси Кумитаи инфрасохтор ва идоракунии захираҳои об, манзил ва банақшагирии фазоӣ Роберт Ливенс ва раиси Кумитаи умури иқтисодӣ, иқлим ва рушди сабзи Сенати Подшоҳии Нидерланд Саския Клуит баргузор гардид.

Масъалаи тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошт. Суҳбат доираи васеи мавзӯъҳоро дар бар гирифт, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои об ва энергетика, инчунин рушди устувор ва гузариши сабз.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg