23 октябри соли 2025 дар шаҳри Ҳааг, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд (бо иқомат дар шаҳри Брюссел) Музаффар Ҳусейнзода бо Директори равобити байналмилалӣ ва иқтисоди рақамии Агентии соҳибкории Нидерланд (RVO) Аннет Вайеринг вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти гуфтугӯ ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкориҳо, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои cоҳибкорӣ ва танзими сафарҳои тиҷоратиро, мавриди баррасӣ қарор доданд.
