21 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд бо иқомат дар Брюссел Музаффар Ҳусейнзода аз муассисаи таълимии «Roer College Schöndeln», ки дар шаҳри Рурмонд ҷойгир аст, боздид ба амал оварда, бо директори он Йос Ҳендрикс мулоқот кард.
Ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо миёни «Roer College Schöndeln» ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ташкили барномаҳои мубодилаи хонандагону омӯзгорон, ҳамчунин табодули таҷрибаи беҳтарин дар соҳаи маориф мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Сафир инчунин бо хонандагони ин мактаб доир ба фарҳангу мероси миллӣ мусоҳиба анҷом дод.

