9-10 октябри соли 2025 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар 2-юмин Форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ- Global Gateway 2025” ширкат варзид.
Намояндаи Тоҷикистон дар сессияи тахассусӣ дар мавзуи “Густариши иқтидори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуда, тарҳҳои гидроэнерегтикии кишварамонро муррифӣ намуд.
Дар ҳошияи форум вохуриҳои муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо мудири департаменти Ховари Миёна, Осиё ва Уқёнусияи директорати шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо (DG INTPA) Петерис Устубс, cардори шӯъбаи Осиё ва Уқёнуси Ороми Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) Эдвардас Бумштайнас ороста шуд.




