Имрӯз аз соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси “COVID-19”, овоздиҳӣ бо риояи қатъии чораҳои бехатарии санитарӣ ташкил карда шуд.
Дар участкаи интихоботӣ тибқи қонунҳои амалкунанда, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.