Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон - Назирмад Ализода
Тарҷумаи ҳол:
11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст, тоҷик.
Соли 1993 Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеваи ш.Москваро аз рӯи ихтисоси муҳандис хатм кардааст.
Соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисод ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ хатм кардааст.
Дар хизмати дипломатӣ аз соли 2003.
Таҷрибаи зиёди кор дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишварро дорад.
2014 - 2019 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
2016 - 2019 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо иқомат дар Нур-Султон.
2019 – Сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2020 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон таъин карда шуд.
Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи 2-ро дорад.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.