Сулҳ ба хотири наслҳои оянда: ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон

01.07.2026 04:52

Мақолаи муаллифии Назирмад Ализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон мекунад. Қабули ин қатънома на танҳо як рӯйдоди муҳими сиёсати байналмилалӣ, балки бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ташаккули рӯзномаи дарозмуҳлати ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ ва таъмини ояндаи устувори наслҳои оянда мебошад. Бо ин иқдом давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таъкид карданд, ки таҳкими сулҳ бояд на танҳо ҳамчун вокуниш ба буҳронҳои баамаломада, балки ҳамчун яке аз самтҳои стратегии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад.

Солҳои охир ҷаҳон бештар ба низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои эътимод, афзоиши шиддати муносибатҳои байналмилалӣ ва заиф гардидани механизмҳои маъмулии амнияти дастаҷамъӣ рӯ ба рӯ мегардад. Дар чунин шароит ҳарчи бештар равшан мегардад, ки на иқтидори иқтисодӣ ва на тавоноии ҳарбӣ ба танҳоӣ наметавонанд сулҳи пойдорро таъмин намоянд. Имрӯз сармояи асосии асри XXI тадриҷан ба эътимоди байни давлатҳо, халқҳо ва ҷомеаҳо табдил меёбад.

Маҳз ҳамин андеша дар заминаи ташаббуси нави  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид муносибати навро нисбат ба нақши дипломатия ҷонибдорӣ намуданд, ки он на танҳо ба танзими низоъҳо, балки пеш аз ҳама ба пешгирии онҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва масъулият дар назди наслҳои оянда равона шудааст.

Табиист, ки маҳз Тоҷикистон ташаббускори чунин қатънома гардид. Ин иқдом идомаи мантиқии таҷрибаи таърихии кишвари мо мебошад, ки баъди паси сар намудани фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ тавонист ба оштии миллӣ ноил гардад, давлатдории худро ҳифз намояд ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам оварад. Мардуми Тоҷикистон арзиши воқеии сулҳро хуб дарк мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати пешбурди фарҳанги сулҳ ва муколама дар арсаи байналмилалӣ на танҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар, балки идомаи табиии роҳи таърихии худи Тоҷикистон мебошад.

Ин таҷриба танҳо дар доираи рушди дохилии кишвар маҳдуд намонд. Бо гузашти вақт он дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷассум ёфт. Аз ҳамин рӯ, кишвари мо пайваста ташаббусҳои байналмилалиро пешниҳод менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти глобалӣ равона шудаанд. Агар қаблан ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим эътирофи васеи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб шуда бошанд, имрӯз ташаббуси навбатӣ оид ба таҳкими сулҳ низ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонӣ гардид. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки сулҳ шарти асосии рушди устувор ва пешрафти ҷомеаи башарӣ мебошад.

Қатъномаи нав боз як ҷанбаи муҳим дорад, ки ба назари ман, сазовори таваҷҷуҳи махсус мебошад.

Дар матни он тағйироти мусбат дар Осиёи Марказӣ ва талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ махсус истиқбол шудаанд. Ин тасодуфӣ нест. Дар асл, Созмони Милали Муттаҳид эътироф намуд, ки имрӯз маҳз Осиёи Марказӣ намунаи он аст, ки чӣ гуна масъалаҳое, ки беш аз як аср мавриди баҳсу ихтилоф қарор доштанд, метавонанд танҳо тавассути воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳаллу фасл гарданд.

Имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ моҳи марти соли 2025 яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи муосири муносибатҳои дуҷониба гардид. Ин санад ба раванди бисёрсолаи аломатгузорӣ ва муайянсозии хатти сарҳади давлатӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, таҳкими амният ва рушди устувори минтақаҳои наздисарҳадӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама он буд, ки созишҳои бадастомада танҳо дар сатҳи санади сиёсӣ боқӣ намонданд. Аллакай дар моҳҳои баъдӣ фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва парвозҳои ҳавоӣ аз нав барқарор гардида, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъол шуданд, механизмҳои нави ҳамкории байниҳукуматӣ таъсис ёфтанд ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, захираҳои об ва бахшҳои гуманитарӣ тавсеа пайдо кард. Сарони ду давлат инчунин омодагии худро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷониба тасдиқ намуда, қарор қабул карданд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ ба Шурои байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазирони ду кишвар табдил дода шавад.

Табиист, ки ин раванд аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ дастгирии васеъ пайдо намуд. Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Британияи Кабир, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ имзои Аҳдномаро ҳамчун дастоварди таърихӣ арзёбӣ намуда, онро саҳми муҳим дар таҳкими сулҳ, эътимод ва субот дар Осиёи Марказӣ донистанд.

Дар тӯли солҳои фаъолияти дипломатӣ борҳо итминон ҳосил намудам, ки имзои ҳар як шартномаи байналмилалӣ анҷоми кор нест, балки оғози марҳилаи нави ҳамкории муштарак мебошад. Арзиши воқеии ҳар гуна созиш танҳо дар сурате зоҳир мегардад, ки он пайгирона дар амал татбиқ шавад, ба лоиҳаҳои муштарак ва натиҷаҳои воқеӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамин гуна тадриҷан эътимоди байни давлатҳо таҳким меёбад, ки бидуни он муносибатҳои устувори ҳамсоягии некро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон тадриҷан мазмуни нави амалӣ касб мекунанд. Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ густариш меёбанд, роҳҳои нақлиётӣ барқарор мешаванд, ҳамкориҳои гуманитарӣ тавсеа пайдо мекунанд ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ рушд меёбад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки созишҳои бадастомада пайгирона амалӣ гардида, барои таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди муносибатҳои дарозмуддати ҳамсоягии нек заминаи устувор фароҳам меоранд. Маҳз қобилияти ба натиҷаҳои амалӣ табдил додани қарорҳои сиёсӣ арзиши воқеии дипломатияро муайян месозад.

Дар баробари ин, дипломатияи муосир беш аз пеш на танҳо ба танзими низоъҳо, балки ба фароҳам овардани заминаҳое равона гардидааст, ки аз пайдоиши онҳо пешгирӣ намоянд. Маҳз чунин равиш дар меҳвари қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, ки солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намуд.

Аҳамияти ин қатънома аз доираи як санади навбатии байналмилалӣ фаротар меравад. Моҳияти асосии он дар он ифода меёбад, ки қарорҳое, ки давлатҳо имрӯз қабул мекунанд, то андозаи зиёд муайян месозанд, ки наслҳои оянда дар кадом ҷаҳон зиндагӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, сухан танҳо дар бораи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намеравад. Ин муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, то таҳкими сулҳ ҳамчун масъулияти муштараки ҳамаи давлатҳо арзёбӣ гардад. Он бори дигар хотиррасон мекунад, ки меъёри воқеии масъулияти ҳар як насл на шумораи баҳсҳои сиёсии бурдкарда, балки он аст, ки барои наслҳои оянда чӣ меросе боқӣ мегузорад: эътимод ё нобоварӣ, ҳамкорӣ ё муқовимат, сулҳ ё низоъ.

Назирмад Ализода
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Бишкек, июли соли 2026

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg