
27 майи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар панели махсус дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуд:
"Тақрибан 10 сол қабл Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоият қатъномаеро қабул кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро эълон намуд. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардид, инъикоси фаҳмиши муштараки мост, ки об барои рушди устувор, рафъи камбизоатӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор муҳим аст.
Даҳсола бори дигар аҳамияти таҳкими идоракунии устувор ва ҳамгирошудаи захираҳои об, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳоро тасдиқ кард.
Дар тӯли солҳо масъалаи об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ба зинаи баланд бардошта шуда, иродаи сиёсӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо таҳким ёфта, дарки ҳамкориҳо дар соҳаи об яке аз василаҳои муассир барои пешбурди дипломатияи об мебошад.
Имрӯз об на танҳо ҳамчун манбаи табиӣ, балки ҳамчун омили стратегии муайянкунандаи рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Конфронси обии 2023 Созмони Милали Муттаҳид, ки ба баррасии миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи Даҳсолаи амалҳои об бахшида шудааст, нишон дод, ки ҷаҳон зарурияти таъхирнопазирии даҳсолаи амалиёти обро эътироф мекунад.
Сарфи назар аз ҳама талошҳо, ҷаҳон то ҳол дар расидан ба Ҳадафи 6-и Рушди Устувор ба таври ҷиддӣ ақиб мондааст. Миллиардҳо нафар то ҳол ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дастрасӣ надоранд. Норасоии об торафт бад мешавад. Пиряххо бо суръати ташвишовар об мешаванд. Хушксолию обхезӣ тез-тез ва харобиовар шуда истодааст. Тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама тавассути об зоҳир мешавад.
Стратегияи миллии мо оид ба об то соли 2040 ва барномаҳои давлатии марбут ба рушди соҳаи об муосир, самаранок ва ба иқлим тобовар нигаронида шудааст. Дар сатҳи минтақавӣ мо ба таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса медиҳем. Мо итминон дорем, ки муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошанд. Баррасии ниҳоии ҳамаҷониба дар соли 2028 набояд танҳо як конфронси дигар бошад».