Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири захираҳои об ва обуҳавосанҷии Шоҳигарии Камбоҷаро ба ба ҳузур пазируфт

25.05.2026 10:17

25-05-2026-13-08.jpg

25 майи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири захираҳои об ва обуҳавосанҷии Шоҳигарии Камбоҷа Тор Чета, ки ҷиҳати иштирок дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар  масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg