Мулоқот бо директори генералии Институти байналмилалии мудирияти захираҳои об

26.05.2026 05:12

25-05-2026-19-46.jpg

25 майи соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо директори генералии Институти байналмилалии мудирияти захираҳои об, ҷаноби Марк Смит, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкорӣ бо Институти мазкур дар самтҳои мудирияти захираҳои об ва иқлим, инчунин татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, табодули афкор намуданд.

Илова бар ин, оид ба ҳамкориҳо дар пешорӯи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg