
25 майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (25-28 майи 2026) дар Душанбе Форуми об бо таваҷҷуҳ ба Африқо зери унвони «Аз тасдиқ то амал: пешбурди татбиқи Чашмдошти Африқо оид ба об то соли 2063» баргузор шуд.
Дар Форуми мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар иштирок ва суханронӣ карда, нақши рӯзафзуни Африқоро дар равандҳои глобалии марбут ба об ва иштироки фаъоли онро дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ 2026 баланд арзёбӣ кард.
Форум аз ҷониби Шурои вазирони захираҳои оби Африқо, Ҷумҳурии Сенегал, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Замбия, Ҷумҳурии Гана, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии роҳҳои гузариш аз уҳдадориҳои сиёсӣ ба тадбирҳои амалӣ дар соҳаи об ва беҳдошт, таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди татбиқи Чашмдошти Африқо дар соҳаи об то соли 2063, инчунин ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор доир гардид.