Нишасти минтақавии тадорукотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором барои Конфронси оби СММ – 2026

26.05.2026 05:07

25-05-2026-20-24.jpeg

25 майи соли 2026 дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нишасти минтақавии тадорукотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ташкил карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар кори нишаст намояндагони 29 давлат ва 30 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, шумораи умумии иштирокчиён беш аз 100 нафарро ташкил дод. Ширкаткунандагон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва дигар минтақаҳо дурнамои минтақавиро вобаста ба пешрафт, мушкилот ва афзалиятҳо дар самти татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи муколамаҳои интерактивӣ ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамгироии масъалаҳои об бо дигар ҳадафҳои рушди устуворро муҳокима намуда, инчунин имкониятҳои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафи 6 тавассути густариши ҳамкориҳо ва шарикии минтақавиро таъкид карданд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои Вохӯрии минтақавӣ ба ҳуҷҷатҳои ниҳоии Конфронси чоруми оби Душанбе, инчунин ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 саҳм мегузоранд.

Дар анҷом ширкаткунандагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи баланди ташкили чорабинии минтақавӣ дар Душанбе ва инчунин барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg