Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд

22.05.2026 13:30

WhatsApp-Image-2026-05-22-at-11-13-23.jpeg

22 майи соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Б.Музаффарзода дар иҷлосияи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соҳаи маориф ва илмро ҳамоҳанг месозанд, иштирок намуд.

Дар ҷараёни иҷлосия иштирокчиён масъалаҳои рушди ҳамкории илмиву таълимӣ, тавсеаи мубодилаи академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рақамикунонии фазои маориф, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисосро, ки ба талаботи муосири рушди инноватсионӣ ҷавобгӯ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Донишгоҳи СҲШ ва таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ байни давлатҳои аъзои созмон зоҳир гардид.

Дар суханронии худ ҷониби Тоҷикистон нақши хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуд. Зикр гардид, ки  Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ дар соҳаҳои маориф ва илм пайваста таҳким бахшида, ба рушди мубодилаи академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари ҳайат қайд намуд, ки Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи СҲШ ҳамроҳ гардида, имрӯз даҳ муассисаи олии пешбари кишвар дар фаъолияти он иштироки фаъол доранд. Дар солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки таълимӣ иштирок намуда, 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои давлатҳои аъзои СҲШ таҳсил кардаанд. Ҳамчунин густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин, Россия, Беларус ва Ӯзбекистон дар самти омода намудани мутахассисон, татбиқи барномаҳои дипломи дугона ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид гардид.

Дар ҳошияи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқотҳои корӣ анҷом дод, ки зимни онҳо дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, тавсеаи мубодилаи академӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ тасдиқ намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои иҷлосияи 10-ум Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg