
21 майи соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Ата маросими пушидашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ба рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Қирғизистон табдил ёфта, ба мардуми ҳар ду кишвар имконият фароҳам меоварад, то бо мероси ғании таърихию фарҳангии ҳамдигар аз наздик шинос шаванд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар пояи робитаҳои бисёрсолаи таърихӣ бунёд ёфтаанд, имрӯз ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарони ду давлат пайваста таҳким меёбанд. Ҳамзамон, нақши муҳими фарҳанг дар таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар махсус таъкид шуд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар Ҷумҳурии Қирғизистон барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ, намоиши филмҳои тоҷикӣ, мулоқотҳои илмӣ ва адабии намояндагони зиёиёни эҷодӣ ва илмии ду кишвар, инчунин дигар чорабиниҳое баргузор гардиданд, ки фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни қадимаи мардумони тоҷик ва қирғизро инъикос менамоянд.
Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва синамоӣ зоҳир карда шуд, ки онҳо ба густариши робитаҳои гуманитарӣ, рушди муколамаи эҷодӣ ва шиносоии амиқтари мардумони ду кишвар бо мероси таърихию фарҳангии ҳамдигар мусоидат намуданд.
Ҳамчунин, итминони мутақобила изҳор гардид, ки натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанг барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, эътимод ва ҳамсоягии нек миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом, ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Қирғизистон барои пазироии гарму самимӣ, меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабиниҳо дар доираи Рӯзҳои фарҳанг изҳори сипоси самимӣ намуд.
