
5 ноябри соли 2025 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Ноиби якуми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Қирғизистон Садыр Мамытов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Қирғизистон, табодули таҷриба дар самти тайёр кардани варзишгарон, инчунин дастгирии ташаббусҳои варзишии якдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳкими ҷойгоҳи байналмилалӣ ва муаррифии варзиши миллӣ – «Гуштингирӣ» зоҳир гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табодули афкор намуда, пешниҳодҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар ин самт баён доштанд.