Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон

04.11.2025 12:11

WhatsApp-Image-2025-11-04-at-13-59-14.jpeg

4 ноябри соли 2025 дар бинои Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон, воқеъ дар шаҳри Бишкек, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Майдубек Мамбеталиев баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъда ва густариши онҳо таъкид карданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳанг равона гардид, аз ҷумла, гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон соли 2026, инчунин иштироки намояндагони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии муштарак.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки тавсеаи табодули фарҳангӣ ба таҳкими бештари риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоядории нек байни халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg