Иштирок дар озмуни байналмилалии иҷрокунандагони романси русӣ таҳти унвони «Романсиадаи Осиёи Марказӣ»

23.10.2025 16:57

WhatsApp-Image-2025-10-23-at-14-16-22.jpeg

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 21–22 октябри соли 2025 IX озмуни байналмилалии иҷрокунандагони романси русӣ таҳти унвони «Романсиадаи Осиёи Марказӣ» оғоз гардид, ки дар он 117 навраси ҳунарманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

«Романсиадаи Осиёи Марказӣ» бахше аз озмуни байналмилалии «Романсиада» мебошад, ки бори аввал ҳунармандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкат варзиданд. Ба ҳайати ҳакамон сарояндаи пешбари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи ордени «Шараф» Шарофат Усмонзода, шомил гардид.

Пас аз анҷоми озмун намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохонов Ҳаётҷон, ки соҳиби ҷоизаи якум гардид, София Ҳамрохонова, ки дар номинатсияи «Умеди Романсиада» ҷойи аввалро ба даст овард, ва Таманно Баҳромова, ки бо дипломи «Барои маҳорати баланди мусиқӣ ва ҳунармандӣ» сарфароз шуд, Тоҷикистонро бо сарбаландӣ намояндагӣ намуда, сазовори дастовардҳои шоиста гардиданд.  

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg