4 декабри соли 2024 дар ш. Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Ятимов Саймумин Сатторович ва Тошиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба пуррагӣ муайян намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа омаданд ва ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду тараф оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дастур ҷиҳати омода намудани санадҳои ниҳоӣ барои делимитатсияи сарҳад дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашт.