Дар рафти тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз санаи 20 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар ш. Бустони вилояти Суғд мулоқоти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ байни ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо ҳусни тафоҳум ва дустӣ баргузор гашта, дар натиҷаи он санади дахлдор ба имзо расонида шуд.
Тарафҳо корро дар самти минтақаҳои боқимондаи хати Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мулоқоти баъдӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.