20 ноябри соли 2024 дар ш. Бишкек Форуми ректорони Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳ. Ҳошимзода - Ректори Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсат ширкат варзид.
Дар рафти ҷаласаи пленарӣ ва ҷаласаҳои канории ректорони Донишгоҳҳои Тоҷикиcтон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мавзӯъҳои шаклгирии донишгоҳҳо, шарикии академӣ ва ҳамгироии илму бизнес матраҳ шуданд.
Аз натиҷаи кори форум, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид, инчунин эъломияи ниҳоӣ дар хусуси ҳамкориҳои минбаъда дар самти маориф миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.