15 ноябри соли 2024 дар Бишкек нишасти Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва ЭКСПО «Соҳибкории занон 2024» баргузор гардид. Дар чорабинӣ занони пешво дар соҳаи соҳибкорӣ, навоварӣ ва ихтироъ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо мақсади мусоидат ва суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам омаданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода роҳбарӣ намуд.
Ф.Нуруллозода дар суханронии худ қайд кард, ки занони Осиёи Марказӣ бояд барои васеъ намудани доираи имкониятҳо, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳо, рӯҳбаландӣ ва тарбиявӣ муттаҳид шаванд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бар асоси тавсияҳои чорабиниҳои рӯзҳои 23 май, 4-5 октябр ва 15 ноябр дар Бишкек қарор қабул шуд. Дар ҷаласа ҳамчунин маросими супоридани ваколат ба муносибати гузариши раёсати Муколама 2025 аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.