4 октябри соли 2024 дар шаҳри Бишкек ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ зери унвони «Занон, сулҳ ва бехатарӣ: нақши занон дар таҳкими сулҳу бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» иштирок кард.
Зимни суханронии худ Б.Файзиддинзода нуқтаҳои асосии роҳбарии занон дар таъмини сулҳу субот ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим бо назардошти омилҳои гендерӣ, инчунин ҷалби фаъолонаи занон ба ҳамкориҳои минтақавиро зикр намуд.
Аз натиҷаи форум тавсияҳо ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи занон дар бунёди сулҳ ва рушди устувор дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистон қабул гардиданд.