Мулоқоти Сафир бо Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

03.10.2024 11:19

Safir-bo-D-Kemelova-02-10-24.jpg

2 октябри соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Ализода Назирмад бо Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба татбиқи панҷсолаи амал оид ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ Динара Кемелова баргузор гардид.

Зимни мулоқот ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, масъалаҳои обӣ ва рушди устувори кӯҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар чаҳорчӯби СММ, Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) ва дигар платформаҳои байналмилалӣ ҷиҳати фаъолона пешбурди ташаббусҳои кӯҳӣ, ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти кишварҳои кӯҳистонӣ, аз қабили обшавии пиряхҳо, офатҳои табиӣ дар кӯҳҳо, гум шудани гуногунии биологӣ, таназзули чарогоҳҳои кӯҳӣ, таъсири манфии тағирёбии иқлим ба минтақаҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg