Дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагони ИДМ ҷилавгирӣ аз осеби кӯдакон дар роҳҳоро муҳокима намуданд

26.08.2024 16:38

9956213f-11b2-4ab1-b395-ce4043e99146_thumb.jpeg

Дар вилояти Иссиқкӯл рӯзҳои 22-24 августи соли 2024 дар доираи озмуни байналмилалии азназаргузаронии дастаҳои нозирони ҷавони нақлиёт дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мизи мудаввар оид ба пешгирии ҷароҳат бардоштани кӯдакон дар роҳҳои давлатҳои ИДМ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо дастаҳои кишварҳои ИДМ – Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Рустам Мирзомуродов роҳбарӣ намуд.

Иштирокчиёни «Мизи мудаввар» оид ба таҷрибаҳои беҳтарини минтақавӣ ва усулҳои инноватсионии пешгирии ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар нақлиёти кӯдакон мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, дар бораи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони шӯъбаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии осеби кӯдакон дар роҳҳо баромад карданд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ қадамҳои калидӣ пешниҳод ва барои амалҳои минбаъда ва ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавсияҳо дода шуданд

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg