Вохӯрӣ бо Директори кулли ICHCAP

29.11.2023 14:04

28 ноябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Директори кулли Маркази байналмилалии иттилоотӣ ва шабакавии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (ICHCAP) Ким Ҷисунг баргузор гардид.

Зимни суҳбат мавзуъҳои таҳкими ҳамкорӣ бо ин ниҳод дар самти тарғиби арзиши мероси ғайримоддии фарҳангии кишварамон, танзими чорабиниҳои муштарак, бозомӯзии мутахассисони соҳа ва нашри китобҳо роҷеъ ба  мероси ғайримоддии фарҳангии Тоҷикистон матраҳ карда шуданд.   

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg