Форуми “ҳамкории энергетикӣ ва энергияи сабз”

29.11.2023 14:03

27 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҳамоиши иқтисодӣ бахшида ба мавзӯи ҳамкории энергетикӣ ва энергияи сабз, бо иштироки доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвари иқомат, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид. 

Зимни ҳамоиш имкониятҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергияи сабз ва дурнамои тавсеаи онҳо муҳокима гардиданд.

Ба меҳмонон имкониятҳои васеи Тоҷикистон баҳри роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи энрегияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика муаррифӣ гардида, аҳамияти ҷалби сармояи мустақили хориҷӣ ва технологияи муосир дар густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин соҳа таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон даъват ба амал овард, то ширкатҳои энергетикии Олмон  барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳое, ки зимни мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар сиғаи С5+1 29 сентябри соли 2023 дар Берлин ироа гардиданд, иштирок намоянд. 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg