Изҳороти матбуотӣ

01.05.2023 14:28

sejoniba.jpg

Рӯзҳои 25-29 апрели соли 2023 дар шаҳри Ботканд вохӯрии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба масъалаи муайян кардани нуқтаи пайвастшавии хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg